Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани панҷ корманди милиса дар Камароб


Панҷ корманди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар асари даргириҳо дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ҷони худро аз даст додаанд. Мақомоти раёсати корҳои дохилии Хатлон бо тайиди ин хабар ба Озодӣ гуфтаанд, ки ҳар панҷ нафар аз кушташудагон кормандони ин раёсатанд.

Гуфта мешавад, ки як нафар аз кушташудагон корманди раёсати корҳои дохилии Хатлон ва чаҳор нафари дигар аз онҳо сарбозони Дастаи махсуси милисаи вилояти Хатлон (ОМОН) мебошанд.

Ҳамчунин бар асари ин даргириҳо, фармондеҳи Дастаи махсуси милисаи раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон низ ба шиддат маҷрӯҳ шудааст.

Сарчашмаҳо ҳамчунин дар мавриди кушта шудани ду ҷангии мусаллаҳи мухолифи давлат низ хабар медиҳанд. Амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Рашт аз рӯзи 22 сентябр ба ин сӯ идома дорад.

Ин амалиёт ба дунболи ҳамла ба корвони вазорати дифоъ дар рӯзи 19 -уми сентябр, ки бар асари он 25 сарбоз кушат ва 15 нафар маҷрӯҳ шуданд, оғоз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон масъулияти ин ҳамларо бар дӯши Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) ва Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) фармондеҳони пешини мухолифин вогузор намуданд.

Аммо рӯзи 23 -уми сенябр алайҳи Мирзохуҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои мухолифи давлат дар Рашт амалиёт оғоз шуда ва мақомот ӯро низ дар ҳамдастӣ ба ҳамла болои корвони вазорати дифоъ муттаҳам намуданд.

Мирзохуҷа Аҳмадов аз ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ҷони солим ба дар бурд ва ба гуфтаи мақомот аз маҳалли зисти худ ба кӯҳҳо фирор кардааст.

Кашфи як махфигоҳ дар Камароб
XS
SM
MD
LG