Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориш: "80 тоҷик узви Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон"


Бино ба гузоришҳо, бештар аз 80 нафар аз ҷавонону наврасони тоҷик ба узвияти Ҳаракати исломии Ӯзбакистон пайвастаанд, ки як гурӯҳи террористӣ эълом шудааст. Омори мазкур бори нахуст ва дар филми мустанади телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр шуд, ки ғолибан бо кӯмаки маъмурони амниятӣ таҳия шудааст. Дар филми мустанади “Масири гумроҳон” ҳамчунин гуфтанд, ки бештар аз 230 нафар аз наврасону ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои исломии Покистон мехонанд, ки бисёре аз онҳо мадрасаҳои шубҳабарангезанд. Дар ин филм наврасонеро, ки қиёфаи тоҷикӣ доштанд, намоиш доданд, ки дар ин мадрасаҳои исломӣ дарси ҷангу шаҳоддаталабӣ меомӯзанд. Ҳамзамон як ҷавон эътироф мекард, ки ӯро барои таҳсили ислом ба Покистон бурда буданд, вале дар онҷо дарси ҷангу террор омӯхта ба Тоҷикистон фиристоданд.
XS
SM
MD
LG