Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Толибон масъули ҳамла ба корвони НАТО


Толибони Покистон масъулияти ҳамла ба корвони лавозимот барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон бар дӯш гирифта ва таҳдид карданд, ки ҳамалоти бештареро дар оянда анҷом хоҳанд дод. Ба гуфтаи пулиси Покистон тундравони мазнун субҳи имрӯз ба мошинҳои боркаши НАТО тирандозӣ карда ва дасти кам 20 мошинро оташ заданд. Аз ҳалокати се тан дар ин ҳамла гузориш шудааст. Дар зарфи чанд рӯзи гузашта бори дуввум аст, ки ҷангҷӯён ба корвони лавозимоти НАТО дар Покистон ҳамла мекунанд. Мақомоти Покистон пештар аз ин ҳамлаҳо як гузаргоҳи муҳими марзӣ бо Афғонистон ва зарурӣ барои нерӯҳои НАТО-ро ба нишони эътироз аз ҳалокати се сарбози Покистон дар ҳамлаи чархболи НАТО бастанд.
XS
SM
MD
LG