Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баёнияи тундлаҳни вазири дифоъи Тоҷикистон


Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, дар як баёнияи тундлаҳне, аз шеваи инъикоси ҳалокати 25 сарбози вазорат дар ҳамлаи ногаҳонии тундравон башиддат интиқод кардааст. Дар баёнияи вазир, ки хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кардааст, матбуоти мустақил ба пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам шудаанд. Шералӣ Хайруллоев гуфтааст, “дар аксари нигоштаҳои матбуот бӯи пуштибонӣ аз ҳамлаи хунин меояд", ки ин як навъ ҳимоят аз террористон аст. Дар ҳамлаи 19 сентябр ба корвони артиши миллии Тоҷикистон, ки онро кори дасти баъзе аз размандагони нерӯҳои мухолифини пешин медонанд, 25 сарбоз кушта ва беш аз даҳ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Вазири дифоъи Тоҷикистон гуфтааст, аксарияти рӯзномаҳои мустақили Тоҷикистон ҳодисаҳои Камаробро якҷониба инъикос карда ва ҳатто “қотилонро мазлум нишон додаанд.” Шералӣ Хайруллоев, дар номааш аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хостааст, ”ба изҳороти сиёсии сиёсатмадорон ва мақолаҳои рӯзноманигорон баҳои ҳуқуқӣ дода ва дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои ҷиноӣ гунаҳкоронро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд”. Созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон то кунун ба ин нома вокуниш нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG