Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чавез ба сафари Русия, Беларус, Эрон ва Чин мебарояд


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавез эълом дошт, ки ба зудӣ аз Русия, Беларус, Эрон ва Чин дидан хоҳад кард. Вай гуфт, сафараш рӯзи 11-уми октябр аз Маскав бо гуфтушуниди марбут ба тиҷорат, фанновариҳо ва эҳтимолан баҳси таъсиси бонки муштарак барои сармоягузории тарҳҳои муштарак оғоз меёбад. Раҳбари сотсиалисти Венесуэла ба равобити густарда бо Русия талош дорад ва то ҳол ба миллиардҳо доллар аз ин кишвар силоҳу таҷҳизоти ҳарбӣ харидорӣ кардааст. Вай мегӯяд, ҳадафаш аз сафар ба Беларус, Эрон ва Чин низ ба хотири таҳкими равобит аст.
XS
SM
MD
LG