Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Бразилия ба даври дувум монд


Бино бар натиҷаҳои интихоботи президентии Бразилия, номзади баргузидаи президенти пешини ин кишвар, Инасио Лула да Силва, собиқ вазири аршад Дилма Руссеф аксари раъйҳоро ба даст овард, вале на ба андозаи кофӣ, ки аз даври дувум эмин гардад. Зиёда аз 46 дарсади интихобкунандагон аз ӯ ва наздик ба 33 дарсад аз номзадии Ҳосе Серра, раиси пешини вилояти Сан Паоло, ҳимоят кардаанд. Русеф дар ҳоле метавонист, пирӯз шавад, ки зиёда аз 50 дарсад райъ меовард. Даври дувуми интихобот рӯзи 31-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Руссеф дар ҳоли пирӯзияш нахустин раисиҷумҳури зан дар Бразилия хоҳад шуд. Вай ваъда додааст, ки сиёсати чапгароёнаи да Силваро идома хоҳад дод. Худи да Силва бино бар қонуни асосӣ ба даври савуми раёсатҷумҳурӣ ҳақ надорад,
XS
SM
MD
LG