Пайвандҳои дастрасӣ

Олмон таҳдидҳои террористиро номушаххас шумурдааст


Ҳукумати Амрико аз шаҳрвандони ин кишвар даъват кард, ба иллати таҳдиди ҳамлаҳои террористии ситезаҷӯёни исломӣ дар сафари худ ба Аврупо ҳушманд ва боэҳтиёт бошанд. Дар ин огаҳӣ лағви сафар ба Аврупо тавсия нашудааст, вале ҷиддан таъкид шудааст, ки шаҳрвандони Амрико дар сайру сафари хеш ба кишварҳои Аврупо бояд аз чораҳои иловагии эҳтиёт кор гиранд. Бино бар хабарҳо мақомоти амрикоӣ дар бобати ин ҳушдор бо ҳукуматҳои аврупоӣ машварат кардаанд. Ҳукумати Британия бо истинод ба манобеи худ, ин таҳдидҳоро имконпазир номидааст ва аз шаҳрвандонаш хостааст, дар сафари Фаронса ва Олмон аз эҳтиёт кор гиранд. Вале Вазорати умури дохилии Олмон гуфтааст, ҳанӯз ҳам далелҳои мушаххаси эҳтимоли ҳамла ба даст наомадаанд.
XS
SM
MD
LG