Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи дигар ба корвони мошинҳои НАТО дар Покистон


Полиси Покистон мегӯяд, афроди мусаллаҳ бори дигар ба мошинҳои икмолотии НАТО ҳамла кардаанд. Ба иттилои ин манбаъ, наздик ба 20 мошини дигар, ки барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистон муҳимот ва маводи сӯхт мебурданд, мунфаҷир гаштаанд. Ин дувумин ҳамла дар як ҳафтаи охир буда, дар ҳоле ба амал омад, ки мақомоти покистонӣ роҳи икмолотии НАТО-ро ба дунболи ҳамлаи чархболҳои НАТО ба қаламрави Покистон ва ҳалокати се марзбони он бастаанд.
XS
SM
MD
LG