Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон интизори таъсиси ҳизби нави сиёсист


Раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бори дигар эълом дошт, ки ба таъсиси ҳизби нави сиёсӣ дар кишвараш монеае вуҷуд надорад. Бори нахуст ин нуктаро раҳбари Туркманистон дар соли гузашта изҳор дошта буд ва бино бар он интизор мерафт, ки дар кишвар ба зудӣ дувумин ҳизби сиёсӣ таъсис хоҳад ёфт. Аммо то ҳанӯз ҳизбе дар баробари ҳизби ҳокими демократии Туркманистон, ки бар пояи ҳизби пешини коммунисти ин кишвар ташкил шудааст, ба миён наомад. Раисиҷумҳури Туркманистон гуфтааст, зуҳури рӯзномаҳои хусусӣ далели ин аст, ки кишвараш дар роҳи ислоҳоти демократӣ пеш меравад. Вале созмонҳои ҳуқуқуи башар Туркманистонро ба нақзи мудаввоми ҳаққи шаҳрвандон айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG