Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумориши аҳолии Ироқ ба таъвиқ афтод


Ҳукумати Ироқ тасмим гирифт, ки таърихи баргузории нахустин саршумори аҳолиро дар ду даҳаи охир мавқуф гузорад. Дар изҳороти он гуфта мешавад, ба иллати бархе аз мушкилот ин шумориш замони дигар баргузор хоҳад шуд. Номуайянии марзи байни курдҳо ва арабҳо дар ду вилояти Ироқ яке аз масъалаҳои ҳалношуда ба ҳисоб меравад, ки ба иллати он саршуморӣ на 24-ми октябр, балки акнун 5-уми декабр ҷараён хоҳад ёфт. Охирин бор аҳолии Ироқ дар соли 1987 шумурда шуда буд.
XS
SM
MD
LG