Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти зидди муҳоҷирон дар Петербург


Тазоҳуркунандагон дар Санкт-Петербурги Русия бо ҷорӣ кардани раводиди сафар барои шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон даъват карданд. Дар номае ба ҳукумати Русия, онҳо муҳоҷиратро як зарбаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва омили ноамнӣ дар Русия хонда, ба бознигарии созишномаи сафари бидуни раводид даъват карданд. Ин тазоҳурот бо даъвати бахши петербургии Созмони зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ризоияти шаҳрдории Санкт-Петербург ба вуқӯъ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG