Пайвандҳои дастрасӣ

Расми ба маснад нишастани асқаф Ириней


Расми ба маснад нишастани асқафи ҷадиди калисои православии Сербистон Ириней имрӯз дар шаҳри Печи Косово баргузор шуд. Раисиҷумҳури Сербистон Борис Тадич ва ҳудуди 25000 тани дигар аз сербҳо ба хотири ширкат дар ин маросими мазҳабӣ ба Косово рафтанд, вале пулиси маҳаллӣ мегӯяд, ба 2 сиёсатмадор аз Белград – раҳбарони мухолифин Томислав Николич ва Велимир Илич иҷозаи вуруд надодаанд.
Ириней ҳанӯз моҳи январ асқади калисои Сербистон интихоб шуд, вале расми ба маснад нишастани ӯ ба иллати равобити хасмонаи байни Белграду Приштина ба таъхир уфтод.
Сербистон истиқлоли Косоворо, ки 2 сол пеш эълон шуд, эътироф намекунад. Калисои православии Сербистон дар асри 13 дар қаламрави Косовои кунунӣ таъсис ёфта буд.
XS
SM
MD
LG