Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйгирӣ дар Бразилия шурӯъ шуд


Дар Бразилия интихоботи раиси нави ин ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Натоиҷи назарсанҷиҳо ҳокист, ки Дилма Роуссефф, собиқ раҳбари маъмурияти президенти феълӣ Лула да Силва наздики 50 дарсади ороро ба даст оварда, шояд алакай дар даври аввал тоҷи пирӯзӣ ба сар кунад ва нахустин раисиҷумҳури зан дар таърихи ин бузургтарин кишвари Амрикои лотинӣ шавад. Лула да Силва, ки аз маҳбубияти бемисле дар Бразилия бархӯрдор аст, аз номзадии Дилма Роуссефф ҳимоят мекунад ва ӯ ҳам ваъда супурда, ки дар мақоми раҳбарии Бразилия хатти машши сиёсии Луларо идома хоҳад дод. Дар интихоботи Бразилия 136 миллион нафар ҳаққи ширкат доранд ва бино бар ин назарсанҷиҳо, рақиби аслии Роуссефф - волии собиқи Сан-Паулу Ҷозе Серра метавонад ҳамагӣ ба 20 дарсади орои мардум умед бубандад.
XS
SM
MD
LG