Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон гузаргоҳи Торхамро ҳанӯз боз карданӣ нест


Покистон гуфт, гузаргоҳи марзии барои таъмини нирӯҳои эътилоф дар Афғонистон муҳим дар ағбаи Хайбарро танҳо дар пайи фурӯ нишастани хашми издиҳом ва беҳбуди амният дубора боз хоҳад кард. Сухангӯи вазорати хориҷаи Покистон Абдулбосит гуфт, дар ҳоле ки мизони хашми мардум ҳанӯз баланд аст, ин масир наметавонад боз шавад. Мақомоти Покистон рӯзи панҷшанбе дар посух ба ҳамлаҳои мукаррари чархболҳои НАТО дар ҳафтаи гузашта ва ҳалокати 3 сарбоз дар чунин як ҳамла дар минтақаи Курам гузаргоҳи Торхамро бастанд.
XS
SM
MD
LG