Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон 8 ширкати амниятӣ баста шуд


Вазорати умури дохилаи Афғонистон имрӯз 8 ширкати хусусии амниятиро баста, садҳо мил аслиҳаро мусодира кард.
Ин дар ҳолест, ки Кобул бояд то соли 2014 масъулияти таъмини амнияти кишварро аз нирӯҳои хориҷӣ пурра ба дасти худ бигирад. Сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон Зимарай Башарӣ гуфт, тасмими бастани ширкатҳои амниятӣ бахше аз барномаи амниятии дар моҳи август аз сӯи раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай тасвибшуда аст, ки гурӯҳҳои силоҳбадасти фаъол дар зери чатри ширкатҳои хусусии амниятиро ба ҳадаф дорад. Башарӣ гуфт, тақрибан 50 ширкати амниятии сабтиномшуда дар Афғонистон хориҷист.
XS
SM
MD
LG