Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Русия аз солгарди ҳамоиши Олмон


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар солгарди 20-уми муттаҳидшавии Олмон гуфт, пойдевори равобити Русияву Олмонро “саҳми калидӣ”-и Русия дар раванди ба ҳам омадани ду Олмони ғарбиву шарқӣ гузоштааст. Рӯзи 3 октябри соли 1990, Олмон баъд аз 4 даҳсолаи ҷудоӣ ба Ҷумҳурии демократии Олмон дар шарқ ва Ҷумҳурии федеролии Олмон дар ғарб, дубора ба ҳам омад. Ҳамоиши ду Олмон расман баъд аз 11 моҳи фурӯ рехтани Девори Берлин ва аз ҳам пошидани режими коммунистӣ дар Олмони шарқӣ муяссар шуд. Ба дунбол, Русия нирӯҳои ҳанӯз баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон дар Олмони шарқӣ мустақаркардаашро аз ин қаламрав берун кашид. Медведев муттаҳидшавии ду Олмонро як рӯйдоди таърихӣ нафақат барои мардуми Олмон, балкӣ барои тамоми Аврупо номид.
XS
SM
MD
LG