Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо гузашти чаҳор рӯз аз маҳдуд шудани дастрасӣ ба чанд сомонаи хабарии Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам ин мушкил роҳи ҳали худро наёфтааст. Аз 29-уми сентябр бад-ин сӯ, дар қаламрави Тоҷикистон сомонаи ожонсиҳои иттилоотии «Авеста», «Тоҷнюс»,"Сентразиа.ру" ва ҳамчунин сомонаи тҷкнюз.сом қобили дастрасӣ нестанд.

Парвина Ибодова, раиси Иттиҳодияи дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ба унвонии як ширкати провайдерӣ мактуби расмӣ расидааст бо чунин пешниҳод, ки дастрасӣ ба сомонаҳои avesta.tj, tojnews.tj,centrasia.ru ва.tjknews.com-ро маҳдуд кунад.

Масдуд шудани сомонаҳо ба ин шева заминаи қонунӣ дорад?

Ба гуфтаи хонум Ибодова, дар ин нома, ки ғайричашмдошт аз намояндагии хадамоти назорати алоқаи вазорати нақлиёту мухобирот дар шаҳри Хуҷанд расидааст, асосе барои қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои мазкур нишон дода нашудааст.

Вай аз ширкате, ки ин мактубро дарёфтааст, ном набурд, аммо гуфт, намояндагии хадамот дар шаҳри Хуҷанд аз инчунин як салоҳияти тавсия ё дастур ба ширкатҳои провайдерӣ бархӯрдор нест ва заминаҳои ҳуқуқиву қонунӣ надорад:

«Дар ин мактуб на сабаб нишон дода шудааст, на мӯҳлате, ки то кай бояд дастрасӣ ба ин сайтҳо баста шаванд, бар асоси кадом қонуни ҷории кишвар. Албатта, бештари вақт чунин тавсияҳо ба таври расмӣ ироа намешаванд ба ширкатҳои интернетӣ, телефонӣ, шифоҳӣ дода мешаванд. Аммо провайдерҳо наметавонанд, ки чунин дастуру тавсияҳои саволбарангези вазорати нақлиёт, хадамоти назорати алоқа ё ташкилотҳои тобеи ин вазоратро нодида бигиранд (ҳарчанд ба ин ҳақ доранд), зеро онҳо метавонанд нисбати провайдерҳо «чораҳо» андешанд. Ҳарчанд ягон қонуну қонунгузорӣ риоя намешавад, лекин агар ин сайтҳоро маҳкам накунанд, ширкатҳо метавонанд, масалан, бо проблемаи гирифтани литсензия рӯ ба рӯ шаванд, ё дигар шартномаҳо бо онҳо дароз карда намешаванд ва ё мушкилиҳои дигар...»

Ва аммо мақомоти Тоҷикистон вуҷуди кадом дастури вижа ба ширкатҳои дастраскунандаи интернет ҷиҳати манъи дастрасӣ ба сомонаҳои алоҳидаро радд мекунанд.

Мақомот изҳори беиттилоӣ мекунанд

Қадамҷон Сафиев, раиси Хадамоти назорати алоқаи вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, иллати дастнорас шудани сомонаҳои мазкур, ғолибан иллати фаннист, ки ширкатҳои провайдерӣ бояд онро ҳал кунанд:

«Иддаоҳо дар бораи кадом як дастури мо ба ширкатҳои интернетӣ, ки сомонаҳоро банданд, асос надорад. Ҳамааш сабабҳои техникӣ шуданаш мумкин. Худи ширкатҳои интернетӣ, ки ба сомонаи расонаҳои хабарӣ хизматрасонӣ мекунанд, бояд ин масъаларо баррасӣ кунанд, ки чаро дастрасӣ нест ба ин сайтҳо...»

Дар ҳамин ҳол, Парвина Ибодова, раиси Иттиҳодияи дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон, ба нақли қавл аз иддае аз ширкатҳои провайдерӣ мегӯяд, онҳо аз мақомот дастури шифоҳӣ ба ин мазмун гирифтаанд.

Вай афзуд, аз эҳтимол дур нест, ки дар оянда талабҳои мақомот аз ширкатҳои интернетӣ дар мавриди маҳдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳои дигари мунтақиди давлат бештар шавад.

Иттиҳодияи мазкур бо ирсоли як нома ба унвонии вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, аз ин ниҳод хостааст, шарҳ бидиҳад, ки чаро ба провайдерҳо тавсия шудааст, то дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро масдуд кунанд.

Мушкили фаннӣ ва ё муҳтавои матолиб?

Парвина Ибодова, раиси Иттиҳодия, мегӯяд, агар мушкил дар муҳтавои матолиби сомонаҳост, пас бояд роҳи ҳалли дигаре ҷустуҷӯ шавад:

«Агар мехоҳанд бо кадом сабабе сайтро маҳкам кунанд, агар ягон саволу ҷавоби хилофи қонун ҳаст, ё матлабҳои таҳқиромезу зидди мақомоти давлатӣ, ё шахсони алоҳидаи мақомот ва агар нафареро, мақомеро ин матлабҳо хуш намеояд, бояд пеш аз ҳама бо худи соҳибону муассисони сомонаҳо сӯҳбат анҷом диҳанд ва масъаларо матраҳ кунанд. Ин корро набояд бо дасти ширкатҳои провайдерӣ анҷом дод, провайдерҳо ҳамчун миёнараве ҳастанд, онҳо танҳо хадамоти интернетиро ироа мекунанду халос...»


Дар ҳоле ки масъулони ожонсии иттилоотии "Тоҷнюс" аз шарҳи сабаби дастнорас будани сомонаашон худдорӣ мекунанд, Зафар Абдуллоев, сардабири сомонаи «Авеста» мегӯяд, масдуд шудани дастрасӣ ба ин сомона шояд посух ба матлабҳои интиқодиест, ки дар ин авохир дар «Авеста» нашр шудааст:

«Дар як-ду моҳи ахир сиёсати иттилоотии мо тағйир хӯрд, лаҳну шеваи матлабҳоямон шадидтар шуд. Мо чандин матлабе доштем, ки метавонист ба нафарони алоҳидаи воломақом маъқул набошад. Масалан, 1-2 рӯз пеш аз маҳкам шудани дастрасӣ ба сайти мо, хабарҳое бо истинод ба сарчашмаҳои ғайрирасмӣ доштем оид ба ҳодисаҳои минтақаи Рашт. Ин ҳам ба мақомоти алоҳида хуш наомад, ки тавассути сомонаҳои дигар воқеияти хабарҳои моро рад карданд. Мумкин ҳамин сабаби якуми маҳдудсозии дастрасӣ ба сайтамон бошад. Дуввум сабаби эҳтимолӣ, мо ахиран матлаби таҳлилие дар сомонаамон нашр кардем дар бораи ширкати ТАЛКО. Мо дар ин матлаб ишора карда будем, ки ҳукумат натанҳо медонад, балки худаш ҳам компанияҳои оффшории ТАЛКО-ро дастгирӣ мекунад...»

Зафар Абдуллоев афзуд, дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сомонаи «Авеста» дастрасӣ вуҷуд дорад ва аз ин рӯ, мешавад хулоса кард, ки масдудсозии дастрасӣ ба ин сомона бо дастури мақомоти кишвар ва танҳо барои дохил дода шудааст.

Мавриди бастан ё масдуд кардани истифода аз сомонаҳои интернетӣ дар Тоҷикистон бори аввал нест. Дар гузашта низ баъзе аз сомонаҳо, назири Tajikistan times, сомонаи нашрияи «Чароғи рӯз», Сентразия.ру чанд бор баста ва бархе аз онҳо дубора боз шуда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG