Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Рашт ба марҳалаи нави амалиёт омодагӣ мегиранд


Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, нирӯҳои давлатӣ дар ноҳияи Рашт дар садади пардохтан ба марҳалаи тозаи амалиёти зидди гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат буда, умедворанд, ки ин марҳала бо боздошти як гурӯҳи дигари ин силоҳбадастон анҷом шавад. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳамчунин хабари ожонсии “Азия Плюс” дар мавриди нишасти изтирорӣ анҷом додани як чархболи нирӯҳои давлатӣ дар маҳалли амалиёт дар ноҳияи Раштро радд кард ва гуфт, ба далели дар рустоҳои аҳолинишин идома доштани амалиёти зидди шӯришиҳо истифодаи чархбол дар ин амалиёт ғайримумкин шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев ҳамзамон хабари нашршуда дар бораи ҷароҳат бардоштани як сарбози дигар аз нирӯҳои давлат дар ноҳияи Раштро низ бепоя хонда, радд кард.
Аммо тасдиқ ваё такзиби ин хабарҳо ба далели қатъ шудани робитаи телефонӣ бо ноҳияи Рашт кори мушкил шудааст.
XS
SM
MD
LG