Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот: "Ягон чархбол дар Рашт ҳамла нашудааст"


Мақомоти Душанбе хабарҳои нашршуда дар бораи нишасти изтирории як чархболи нирӯҳои давлатӣ дар ноҳияи Раштро радд мекунанд. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти зидди гурӯҳи Мирзоҷӯҷа Аҳмадов дар нуқоти аҳолинишин идома дорад, ки истифодаи чархболҳои низомиро ғайримумкин мегардонад.
Хабаргузории “Азия Плюс” бо такя ба манбаъҳои худ шоми шанбе дар бораи нишасти изтирории як чархбол дар маҳалли амалиёти зидди гурӯҳҳои шӯришӣ дар водии Рашт хабар дод. Аммо ин манбаъ рӯшан накардааст, ки оё ин чархбол бо далоили фаннӣ нишасти изтирорӣ анҷом дода ваё бар асари асобати тир.
Дар қисматҳои кӯҳистонии ноҳияи Рашт инак 2 ҳафта боз амалиёти густарда алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат идома дорад.
XS
SM
MD
LG