Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафиев: Дастуре барои манъи дастрасӣ ба сомонаҳо набуд


Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди кадом дастури вижа ё номаи катбӣ ба ширкатҳои провайдери Интернет бо талаб ё тавсияи масдуд кардани сомонаҳои алоҳидаро радд мекунанд. Қадамҷон Сафиев, раиси Хадамоти назорати алоқа ба Радиои Озодӣ гуфт, иллати дастнорас шудани сомонаҳое, чун “Авасто”, ё “Тоҷнюс” ғолибан фаннист, ки ширкатҳои провайдерӣ бояд ҳаллаш кунанд.
Аммо Иттиҳодияи ширкатҳои дастраскунандаи Интернет аз вуҷуди дастурҳои шифоҳӣ ва дар Хуҷанд ҳатто катбӣ, ки масдуд кардани чанд сомонаи мунтақиди давлатро тавсия медод, изҳори нигаронӣ мекунад. Зафар Абдуллоев, сардабири сомонаи “Авасто” гуфт, масдуд шудани дастрасӣ ба ин сомона шояд посух ба матлабҳои интиқодиест, ки “Авасто” нашр кардааст.
XS
SM
MD
LG