Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди 20-уми якпорча шудани 2 Олмон


Олмониҳо имрӯз солгарди 20-уми муттаҳидшавии ин кишварро таҷлил мекунанд. Рӯзи 3 октябри соли 1990, Олмон баъд аз 4 даҳсолаи таҷзия шуданаш ба Ҷумҳурии демократии Олмон дар шарқ ва Ҷумҳурии федеролии Олмон дар ғарб, дубора ва расман ба ҳам омад. Тайи ин беш аз 40 соли мухолифат Олмони шарқӣ таҳти назорати Иттиҳоди Шӯравии коммунистӣ қарор дошту Олмони ғарбӣ мансуб ба паймони низомии НАТО буд. Ду Олмон расман баъд аз 11 моҳи фурӯ рехтани Девори Берлин ва аз ҳам пошидани режими коммунистӣ дар Олмони шарқӣ ба ҳам омад. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар номаи табрикиаш Олмонро аз наздиктарин муттаҳидин ва аз бузургтарин дӯстони Амрико ном бурдааст.
XS
SM
MD
LG