Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии раҳбарони фаластинӣ аз Маҳмуд Аббос


Сиёсатмадорони аршади фаластинӣ аз раҳбари ташкилоти худгардон Маҳмуд Аббос, ки идомаи музокироти сулҳро бо тавқифи шаҳраксозии Исроил марбут кардааст, пуштибонӣ мекунанд. Ин тасмим дар пайи нишасти раҳбарони Созмони озодибахши Фаластин ва ҳаракати Фатҳи Маҳмуд Аббос эълон шуд. Аммо тасмими ниҳоӣ дар ин бора дар поёни ҳафтаи оянда баъд аз нишасти сарони Лигаи давлатҳои арабӣ дар Либия гирифта мешавад. Таҳаввули ахир мониаи дигаре дар роҳи талошҳои Амрико ҷиҳати ҳифзи музокироти мустақими Исроил бо фаластиниҳост. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, ки мораторийи шаҳраксозиро қатъан тамдид карданӣ нест, дар як баёния музокиротро танҳо роҳи расидан ба сулҳ номид ва аз фаластиниҳо даъват кард, ба музокирот идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG