Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ҳушдори нав дар мавриди сафар ба Аврупо


Бино ба хабарҳо, интизор меравад, маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба амрикоиҳо ҳушдори расмӣ диҳад, ки зимни сафар ба Аврупо ба далели таҳдидҳои эҳтимолии террористӣ мувозеҳ бошанд. Хабаргузориҳо аз қавли як мақоми амрикоӣ навиштанд, ки ин ҳушдор алайҳи сафар ба Аврупо нест, вале аз сайёҳон даъват мекунад, аз эҳтиёти тамом кор гирифта, гӯшбақимори ин таҳдидҳо бошанд.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филлип Кровлӣ аз шарҳи ҳар навъ ҳушдори ҷадид худдорӣ кард, вале гуфт, маъмурияти Обама рӯи роҳҳои ҳимояти манофеъи Амрико аз таҳдидҳои шабакаи Ал-Қоида тамаркуз кардааст.
Ахиран расонаҳо бо такя ба иттилооти иктишофӣ хабар доданд, ки ҷангиён аз Покистон тарҳи силсилаи ҳамалот дар чандин кишвари Аврупо, бо шумули Бритониёву Фаронса ва Олмонро таҳия кардаанд.
XS
SM
MD
LG