Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваи нави фаъолиятҳои таблиғотии Толибон


Толибон дар ин авохир аз роҳҳои моҳирона ва услубҳои ҷадид барои фаъолиятҳои таблиғонии худ истифода мекунанд, ки ин амал ҳушдордиҳанда аст барои мақомоти амрикоӣ, ки дар талоши ҷилавгирӣ аз нуфузи онҳо дар нуқоти мухталифи Афғонистон мебошанд.

Мақомоти амрикоӣ ва коршиносони афғон мегӯянд, Толибон дар вонамуд сохтани ин мавзӯъ, ки гӯё Ғарб дар Афғонисон ба сарҳади нокомӣ расидааст, маҳорат ёфтааанд.

Баҳрабардорӣ аз равобити сарди Кобул ва Вашингтон

Толибон аз муносибати сарди Кобул ва Вашингтон баҳрабардорӣ намуда ва ҳукумати раиси ҷумҳурӣ Карзайро ҳукумати дастнишондода муаррифӣ кардаанд, ки тавоноии назорати манотиқи хориҷ аз пойтахтро надорад.

Толибон ҳамчунон дар талоши онанд то ба мардуми Афғонистон нишон диҳанд, ки гӯё барои гирифтани дубораи ҳукумат як стратегия доранд ва дар ин росто чунон нишон медиҳанд, ки гӯё бар зидди фасоди мавҷуда мубориза мекунанд ва ҳам ҳуқуқи занонро дар Афғонистон ҳифозат хоҳанд кард.

Дар ҳоле, ки ин гурӯҳи тундрав машғули фаъолиятҳои таблиғотӣ дар байни мардуми ом ҳаст ва фаъолиятҳои интернетиашро густариш додааст, ин гурӯҳ ҳамчунон аз шабакаҳои интернетии «Facebook» ва «Twitter» истифодаи муассир карда ва ба шакле Амрикоро дар мавқифи дифоӣ дар ҷанги таблиғотӣ қарор додааст.

Як мақоми истихборотии Амрико дар Кобул гуфтааст : «Стратегияи таблиғотии Толибон рӯ ба бедбуд аст, ин стратигияи баста ва печида моро нигарон сохта аст.»

НАТО барои муқобила бо системаи чанд миллион долларии Толибон, ки дар Покистон мустаққар аст, фаъолиятҳояшро афзоиш додааст.

Генерал Давид Петреоус, фармондеҳи умумии нерӯҳои НАТО ва амрикоӣ дар Афғонистон дар оғози моҳи август ба нерӯҳояш дастур дод дар ҷанги таблиғотӣ мусаммамтар мубориза кунанд.

Мулло Умар мехоҳад ба қудрат боз гардад

Мулло Умар, раҳбари Толибон моҳи гузашта эъломияеро нашр кард ва дар он аз нокомии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон ва ҳам аз доштани як барнома барои ҳукумат кардан дар сурати расидан ба қудрат дар Афғонистон сухан гуфта буд.

Ин, ки роҳбари Толибон аз нокомии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон сухан гуфта буд мавзӯи куҳна буд, вале ин мавзуъ, ки гӯё Толибон барои ҳукумат кардан дар Афғонистон нақшаи хос доранд, мавзӯи комилан нав буд.

«Вашингтон Пост» аз қавли як коршиноси афғон навиштааст, ки Толибон дар ин рӯзҳо на танҳо аз ишғол ва талафоти мулкӣ сухан мегӯянд, балки онҳо худро ба ҳайси ҷойгузин барои ҳукумати феълии Афғонистон мебинанд.

Мулло Умар дар мавриди фасоди мавҷуд дар ниҳодҳои ҳукуматии афғон гуфтааст, ки шаффофиятро дар ҳукуматдорӣ ворид хоҳад кард.

Вай ҳамчунон гуфтааст, ки режимаш ҳуқуқи тамоми афғонҳо, ба шумули ҳуқуқи занонро ҳифозат хоҳад кард.

Дар як эъломияи Толибон, ахиран гуфта шуда буд, ки раиси ҷумҳур Карзай идораи чандбуъдиро раҳбарӣ мекунад ва мақомоти идораи вай афродеанд, ки аз нигоҳи ахлоқӣ, сиёсӣ ва моддӣ фасодзада мебошанд

Ба гуфтаи ин таҳлилгари афғонӣ, вай дар ҷараёни сафарҳояш ба вилоятҳои Афғонистон инро эҳсос кардааст, ки аксари мардуми вилоятҳо ва минтақаҳои қабоил, фикр мекунанд, ки амрикоиҳо Афғонистонро тарк мекунанд ва Толибон дубора ба қудрат мерасанд.

Ба гуфтаи ин коршиноси афғон, Толибон дар ҷанги таблиғотиашон пирӯз шудаанд, зеро ҳукумати Афғонистон ва Амрико машғули таблиғот бар зидди якдигаранд.
XS
SM
MD
LG