Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мегӯяд, роҳи рафъи вируси компутариро ёфтааст


Вазири иттилооти Эрон Ҳайдар Муслиҳӣ гуфт, Теҳрон роҳи муқобила бо вируси компутариеро, ки бино бар шоеъоти бархе коршиноони хориҷӣ, алайҳи барномаҳои ҳастаии Эрон сохта шудааст, пайдо кардааст. Телевизиони давлатии Эрон аз қавли Муслиҳӣ бидуни овардани ҷузъиёт ҳамчунин дар бораи боздошти чанд ҷосуси ҳастаӣ хабар дод. Аммо рӯшан нест, ки ин боздоштҳо низ бо таҳқиқи қазияи ин вирус рабт дорад ё на.
Тайи моҳҳои охир як барномаи сироятзадаи мавсум ба Stuxnet шабакаҳои саноатии Ҳинду Индонезӣ ва Амрикоро хароб кард, вале таъсираш бештар дар Эрон ва аз ҷумла дар компутарҳои кормандони нахустин нирӯгоҳи ҳастаии Эрон мушоҳида шуд. Нирӯгоҳи Бушаҳр, қарор аст, дар соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG