Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мошини Кабирӣ дучори садама шуд


Субҳи 2 октябр мошини ҳомили раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ дар километри 35-уми роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа, дар наздикии посгоҳи Фахробод дучори садама шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса хабар дод, ки Кабирӣ дар ин садама аз пои чап каме зарб дида, вале муроҷиат ба бемористонро зарур надонистааст.
Аммо як тан аз саворони мошини “Нексия”-еро, ки бо мошини ҳомили Кабирӣ бархӯрд кард, ба бемористон бурдаанд.
Муҳиддин Кабирӣ ба манзури ширкат дар анҷумани минтақавии ҳизб қасди сафари Кӯлоб доштааст.
XS
SM
MD
LG