Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабари даргирии нав дар Камаробро радд мекунанд


Мақомоти Тоҷикистон гузоришҳои нашршуда дар бораи вуқӯъи даргириҳои ҷадид дар дараи Камароб, 185-километрии шарқи Душанберо радд мекунанд. Тоҳир Норматов, сардори ситоди вазорати умури дохила ба Радиои Озодӣ ин хабарҳоро бепоя хонд ва гуфт, рӯзи шанбеи 2 октябр дар он минтақа ягон садои тир баланд нашудааст.Сухангӯи ин вазорат Маҳмадуллоҳ Асадуллоев гуфт, амалиёти зидди гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов дар Камароб, ба сурати умум, идома дорад ва тайи рӯзҳои охир аз тарафдорони ин гурӯҳ як теъдод силоҳу муҳимот мусодира кардаанд.
Хабаргузории русии ИТАР-ТАСС қаблан бо такя ба манобеъи худ навишт, ки дар Камароби ноҳияи Рашт задухӯрди байни нирӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои шӯришӣ идома дорад.
Вазъ дар ноҳияи Рашт сар аз 19 сентябр, дар пайи як шабехуни пурқурбонӣ ба як корвони нирӯҳои артиши Тоҷикистон, ки дастикам 26 кушта ба ҷо гузошт, ба ташаннуҷ печид.
XS
SM
MD
LG