Пайвандҳои дастрасӣ

Хабаргузории "Азия-Плюс" ба нақл аз манбаи худ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аз даргириҳои шадид дар дараи Камароб ва захмӣ шудани як сарбози нерӯҳои ҳукуматӣ хабар додааст, вале мақомоти расмӣ ин хабарро тасдиқ накарданд.

Бино бар гуфтаи бархе аз манобеи наздик ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар дараи Камароб, 185-километрии шарқи Душанбе, дар байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ситезаҷӯён ҷангҳои шадид ба вуқӯъ пайвастаанд. Ин манбаъ ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, ки дар ин даргириҳо як сарбози ҳукуматӣ захмӣ шудааст.

Хабаргузории русии ИТАР-ТАСС низ дар бораи даргириҳо дар манотиқи баландкӯҳ ва душворгузари ноҳияи Рашт иттилоъ додааст. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин гузоришҳоро рад мекунанд. Тоҳир Норматов, сардори ситоди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарҳоро бепоя хонд ва гуфт, рӯзи шанбеи 2 октябр дар он минтақа ягон садои тир баланд нашудааст.

"Азия-Плюс" бо истинод манбаи худ ҳамчунин аз нишасти изтирории як чархболи нерӯҳои ҳукуматӣ хабар додааст. Дар ҳоле ки гуфта мешавад, ин чархбол бо сабаби ба шахпора бархӯрдани болаш маҷбур шуд фуруд ояд, ин ақида ҳам ҷой дорад, ки он аз замин ҳадафи гулӯла қарор ёфтааст. Дар фурудоии изтирории чархбол касе осеб надидааст.

ИТАР-ТАСС гуфт, ки даргириҳо дар баландкӯҳҳои дараи Камароб, воқеъ дар қисмати шарқии Тоҷикистон, идома дорад ва мақомоти кишвар гуфтаанд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ аз мухолифони давлат ва зархаридони хориҷӣ иборатанд.

Ёдовар мешавем, ки вазъ дар минтақаи кӯҳдомани Камароб сар аз 19-уми сентябр ноором шуда, даргириҳои ҳукумат бо гурӯҳҳои мусаллаҳ қурбониҳоеро ҳам ба бор овардааст.

Ахиран дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов, ки сафареро дар ҳамин минтақа анҷом медиҳад, ба хабарнигорон гуфт, аз гурӯҳҳои мусаллаҳ талаб дорад, ки оҷилан силоҳ ба замин гузоранд, ё комилан аз байн бурда хоҳанд шуд.

Ҷаноби Азимов ҳамчунин гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон кишварҳои ҳаводори нооромӣ дарТоҷикистонро мешиносанд ва агар онҳо аз "аъмоли фитнаангез"- и худ даст накашанд, мақомот далели тахрибкориҳои онҳоро ошкор хоҳанд кард.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG