Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳиддин Кабирӣ дучори садама шудааст


Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Субҳи рӯзи шанбе мошини хидматии Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намоядагон дар роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа дучори садама шудааст.

Бар асари ин садама Муҳиддин Кабирӣ аз пойи чап каме зарб дидааст, вале вазъи ӯ хуб аст ва зарурати муроҷиат ба бемористонро низ надоштааст. Вале як нафар савори мошине, ки ба худрави оқои Кабирӣ бархурдааст, ба бемористон мунтақил шудааст.

Ин садама дар километри 35-уми роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сардабири нашрияи «Наҷот», ки Муҳиддин Кабириро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекардааст, мегӯяд, онҳо қасди сафар ба Кӯлоб ба манзури ширкат дар конфронси минтақаии ҲНИТ-ро доштанд.

Ӯ ба ин суол, ки оё ин садама дар воқеъ як тасодуф буд ва ё гумони дигаре ҳам вуҷуд дорад, ӯ гуфт, «ду километр баъд аз гузаштани посгоҳи Фахробод дар канори роҳ як мошини ҷипи сиёҳ меистод. Вақте мо ба ин мошин наздик шудем, аз паҳлуи он як мошини дигари «Некси», ки ба самти Қӯрғонтеппа мерафт ва ё истода буд, хост ба самти Душанбе чарх занад ва дар миёнаи роҳ истод. Мошини мо ба дари қафои он бархӯрд. Яке аз мусофирони он каме зарар дид ва ба маркази Хуросон фиристода шуд. Аммо се нафари дигар, ки сиҳату саломат буданд, ба зудӣ аз маҳалли ҳодиса ғайб заданд. Он мошини ҷипи сиёҳ ҳам баъди он аз он ҷо ҳаракат намуд. Баъди чанд лаҳза дар маҳалли ҳодиса ҳамон милисае, ки дар посгоҳи Фахробод мошини моро манъ карда буд, пайдо шуд ва санад тартиб дод. Ба ҳар ҳол фикр мекунам, ки ҳодисаи шубҳабарангез аст».

Хабарнигори Озодӣ ҳам, ки ба ҳангоми ин садама дар маҳалли ҳодиса дар сари роҳи ҳаракат ба Қӯрғонтеппа ҳузур ёфтааст, мегӯяд, аз ронандаи «Некси» пурсидааст, ки ҳамроҳонаш кӣ буданд. Ӯ гуфтааст, ки онҳоро намешиносад ва иҷозаи мусофиркашӣ ҳам надорад.

Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, Муҳиддин Кабирӣ дар маҳалли ҳодиса зоҳиран ором, вале ғарқи андешаву гумон ба назар мерасид.

Ин қазия аз сӯи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Хуросон дар ҳоли баррасист.
XS
SM
MD
LG