Пайвандҳои дастрасӣ

4 ҳамлаи мушакӣ ба як манзил дар Даттахел


Мақомоти иктишофии Покистон мегӯянд, ҳамлаи мушакии зоҳиран нирӯҳои Амрико дастикам 3 нафарро дар сарзаминҳои қабиланишини ҳошияи марзи Афғонистон кушта ба ҷо гузошт.
Ба гуфтаи ин мақомот, ки аз ифшои ном худдорӣ кардаанд, 4 ҳамлаи мушакӣ ба манзиле дар рустои Даттахел, воқеъ дар тақрибан 45-километрии Мироншоҳ, бузургтарин шаҳри Вазиристони шимолӣ, асобат кардааст. Ин минтақа як пойгоҳи ҷангиёни толиб ва гурӯҳҳои марбут ба Ал-Қоида дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG