Пайвандҳои дастрасӣ

Гузаргоҳи Торхам 3 рӯз боз барои НАТО баста аст


Гузаргоҳи марзии Торхам дар марзи Покистону Афғонистон 3 рӯз боз барои таъмини нирӯҳои НАТО дар Афғонистон баста боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки сафири Покистон дар Амрико Ҳусайн Ҳаққонӣ рӯзи ҷумъа гуфт, Исломобод дар пайи рафъи нигарониҳои амниятӣ ин гузаргоҳро боз хоҳад кард. Покистон гузаргоҳи Торхам дар ағбаи Хайбарро рӯзи панҷшанбе ба дунболи кушта шудани 3 сарбози покистонӣ дар натиҷаи ҳамлаи чархболҳои НАТО баст. НАТО мегӯяд, ин чархболҳо аз дохили Покистон таҳти ҳамла қарор гирифта, ба хотири дифоъ аз худ оташи ҷавобӣ кушодаанд. Сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ ин ҳамларо маҳкум кард ва гуфт: “Мо ҳеҷ гоҳ ба шумо дахолат ба истиқлол ва якпорчагии Покистонро иҷоза нахоҳем дод ва агар шумо иқдомҳои худро ташреҳ ё ҷуброн накунед ваё узр нахоҳед, мо метавонем рӯи роҳҳои дигар бияндешем. Мо роҳҳои дигар дорем.”
Афроди мусаллаҳ рӯзи ҷумъа дар ҷануби Покистон ба беш аз 25 мошини маводи сӯхт барои НАТО ҳамла оварданд.
Ағбаи Хайбар як масири умдаи таъмини беш аз 152 000 сарбози таҳти фармони НАТО дар Афғонистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG