Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браммертс боздошти Младичро ҳатмӣ мехонад


Додситони кулли Додгоҳи Ҳейг гуфт, ИА бояд фишораш ба Сербистон бо талаби боздошти генерал Ратко Младич, фармондеҳи собиқи сербҳои Бусниро идома диҳад. Дар сӯҳбат бо расонаҳои Белгия Серж Браммертс гуфт, ҳифзи ин асл, ки ба узвияти ИА пайвастани Белградро бо ҳамкории комилаш бо додгоҳи Югославияи собиқ марбут мекунанд, муҳим аст. Ӯ афзуд, ки фурсат зиёд боқӣ намонда, чунки ин додгоҳ бояд корашро дар 3 ило 4 соли дигар анҷом диҳад.
Додгоҳи Ҳейг Младичро бо ҷароиме, чун даст доштан дар муҳосираи қариб 4-солаи Сараево, ки мунҷар ба ҳалокати 10 000 нафар шуд ва қатли омми қариб 8 000 мардону писарони мусалмон дар Сребренитса дар соли 1995, таъқиб мекунад.
XS
SM
MD
LG