Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз Рӯзи омӯзгор дар Тоҷикистон


Рӯзи 2 октябр дар Тоҷикистон аз иди касбии омӯзгорон таҷлил карданд. Рӯзи омӯзгор дар ин кишвар ҳар шанбеи аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад. Феълан дар 3810 мактаби фаъол дар Тоҷикистон тақрибан 96 000 омӯзгор машғули тадрисанд. Дар рӯзи иди касбии омӯзгорон ба беш аз 50 тан аз устодони макотиб унвонҳои ифтихории “Аълочии маориф" ва ифтихорномаҳои вазорати маорифро эъто кардаанд.
XS
SM
MD
LG