Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Сурия вориди Теҳрон шуд


Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ба манзури музокирот бо ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод вориди Теҳрон шуд. Симои давлатии Эрон гуфт, таҳаввулоти минтақа дар меҳвари ин гуфтугӯ қарор хоҳад дошт. Ин сафар ҳамагӣ як рӯз баъд аз даъвати сарвазири собиқи Ироқ Иёд Алавист, ки аз Димишқ хост, то равобити дипломатиаш бо Эронро ба хотири пешгирӣ аз дахолат дар сиёсати дохилии Ироқ ба кор барад. Музокироти Теҳрон ҳамчунин дар пешорӯи сафари қарибулвуқӯъи Аҳмадинажод ба Лубнон аст, ки дар онҷо муттаҳиди Эрон- гурӯҳи Ҳизбуллоҳ бо сарвазир Саъд Ҳарирӣ бар сари муҳокимаи додгоҳии парвандаи қатли падари ӯ Рафиқ Ҳарирӣ вориди як ҷанги шадиди лафзӣ шудааст. Сурияро масъули сӯъиқасд ба Ҳарирӣ ном мебаранд. Иттиҳоме, ки Димишқ раддаш мекунад. Вале таҳқиқот мегӯяд, акнун ба сӯи фарзияи даст доштани бархе аъзои Ҳизбуллоҳ дар ин сӯъиқасди 5 соли пеш мегарояд.
XS
SM
MD
LG