Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти вазорати умури дохилии Русия хабари қаблан паҳншуда дар бораи ширкати чархболҳои Русия дар амалиёти алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистонро рад карда гуфтааст, ки ин амалиёт кори дохилии Тоҷикистон аст ва Русия ба он дахл нахоҳад кард.

Як масъули олирутбаи вазорати умури дохилии Русия ба хабарнигорони торнамои «Газета.ру» гуфтааст, ки Русия ба минтақаи Рашт ягон нерӯи низомие ва ҷангандае нафиристодааст.

Қаблан дар саҳфаҳои интернетии бархе аз расонаҳои Русия иттилоъ нашр шуд, ки гӯиё дар фазои водии Рашт чархболҳои низомии Русия ва Қазоқистон мушоҳида шудааст, ки ба нерӯҳои давлатӣ кумак мекунанд.

Сафири Русия дар Тоҷикистон низ ин хабарро бепоя хондааст ва гуфтааст, нерӯҳои низомии Русия дар ин минтақа ҳузур надоранд.

Амалиёти низомӣ дар минтақаи Рашт баъд аз ҳамлаи як гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ ба корвони мошинҳои вазорати дифои Тоҷикистон дар рӯзи 19 сентябр шурӯъ шуд. Бар асари ин ҳамла дасти кам 26 афсару сарбоз кушта шуданд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, омилони ин ҳамла Мулло Абдулло, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Аловиддин Давлатов аз фармондеҳони собиқи мухолифини пешини Тоҷикистон ҳастанд ва ба онҳо зархаридони хориҷӣ аз Покистон, Афғонистон ва Чеченистони Русия кӯмак мекунанд.

Феълан амалиёти ҷустуҷӯи афроди мусаллаҳ дар Рашт идома дорад ва дар он нерӯҳои зиёди ниҳодҳои қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон ширкат доранд.

Ҳамзамон мақомоти Тоҷикистон вазъ дар минтақаи шарқи кишварро ором арзёбӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта боз иртиботи телефонӣ бо ин минтақа қатъ шудааст ва иттилои дақиқ дар бораи ҳаводиси ахир дар Рашт нашр намешавад.

А. Азимов: Мо кишварҳои дар ҳаводиси Рашт дастдоштаро медонем

Дирӯз дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Амирқул Азимов бо амри раисиҷумҳур ба ноҳияи Рашт сафар кард ва интизор меравад ӯ имрӯз ба шаҳри Душанбе баргардад. Ҷаноби Азимов дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки ҳадаф аз ин сафар маҷбур сохтани мусаллаҳони мухолифи ҳукумат барои ба замин гузоштани силоҳ аст.

Ӯ афзудааст, ки агар афроди мусаллаҳ ба ин талаб итоат накунанд, онҳо нобуд карда хоҳанд шуд, зеро нерӯҳои ҳукуматӣ ба таври кофӣ нерӯву силоҳ доранд ва замони музокирот ҳам ба охир расидааст.

Ба гуфтаи Амирқул Азимов, ӯ хуб медонад, ки хадамоти кашфи кадом кишварҳо барои ноором кардани авзоъ дар Тоҷикистон манфиатдоранд ва дар ҳаводиси ахир дар шарқи кишвар даст доранд. Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки агар онҳо аъмоли фитнаангезонаи худро қатъ накунанд, барои ошкор кардани фаъолияти онҳо далелҳои кофӣ дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG