Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Муқтадо Садр аз эътилофи Нурӣ Ал Моликӣ


Бино ба гузоришҳо, Муқтадо Садр, як рӯҳонии бонуфузи шиъамазҳаб, аз эътилофи нахуствазири феълии Ироқ ҳимоят кардааст, ки метавонад, роҳро барои хотима додан ба бӯҳрони 9 моҳаи сиёсӣ дар ин кишвар боз кунад. Ҳимояти Муқтадо Садр аз нахуствазир Нурӣ Ал-Моликӣ, раҳбари эътилофи шиъамазҳабон имкон медиҳад, ки раъйи кофии вакилон барои ташкили ҳукуматро ба даст орад. Дар Ироқ баъди интихоботи порлумонии моҳи март то кунун, ҳукумат ташкил нашудааст, зеро бо вуҷуди пирӯзии як эътилофи сиёсии мавриди ҳимояти суннимазҳабон, ин эътилоф теъдоди кофии курсиҳо барои ташкили ҳукуматро соҳиб нашуд.
XS
SM
MD
LG