Пайвандҳои дастрасӣ

Ба зиндон маҳкум шудани 14 скинхед дар Русия


Як додгоҳи Русия 14 узви як гурӯҳи скинхедҳо ва ё тоссарҳои русро бо гуноҳи қатл ва латукӯби муҳоҷирони тоҷику ӯзбак ва қафқозӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Бино ба иттилоъи расмии додситонии вилояти Тюмен, ки дар торнамои он нашр шудааст, аъзои дастаи тоссарҳо, ки 9 нафарашон ноболиғ будаанд, аз 4 то ба 20 соли зиндон маҳкум шудаанд. Ба гуфтаи додситонӣ, ин афрод бо тарғиби бегонаситезӣ дар миёни ҷавонон, ба мардуми ғайрирус бераҳмона ҳамла мекарданд. Додситонии Тюмен мегӯяд, аз дасти ин гурӯҳи тоссарҳо 14 нафар аз ҷумла ба муҳоҷирони тоҷику ӯзбак ва арманӣ ранҷ кашидаанд, аз ин миён ду нафар кушта ва шаш тани дигар башиддат захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG