Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ ба Покистон 400 миллион $ қарз медиҳад


Бонки Ҷаҳонӣ ба хотири мусоидат ба рафъи фалокатҳои азими табиӣ ба Покистон бештар 400 миллион доллар қарз медиҳад. Ин бонк бо нашри баёнияе гуфт, 300 миллион доллари ин қарз барои харидории ғизо, доруворӣ, хаймаву сӯзишворӣ ва дигар таҷҳизоти лозим барои мардуми осебдидаи мӯҳтоҷ масраф мешавад. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, бино ба омори муқаддамотӣ, обхезиҳо дар Покистон ба 1 миллион 800 ҳазор манзил осеб дида ва ё вайрон шудаанд. Ҳашт миллион нафар ҳам беҷо шудаанд. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ҳамчунин барои барқарор кардани шоҳроҳҳои Покистон, ки аз обхезиҳо осеб дидаанд, 130 миллион доллар қарз медиҳад.
XS
SM
MD
LG