Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон ба таҳрими Амрико алайҳи мақомоти ин кишвар эътироз кард


Вазорати хориҷаи Эрон дар эътироз ба таҳрими ҳашт мақоми ҳукуматӣ ва давлатии Эрон аз сӯи ИМА, сафири Суис, ҳофизи манофеъи Амрико дар Теҳронро эҳзор кард. Ҳукумати ИМА алайҳи ҳашт мансабдори эронӣ барои “нақзи ҳуқуқи башар” баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2009, таҳримҳо эъмол кардааст.

Ба гузориши хабараргузориҳои Эрон, асри рӯзи панҷшанбе хонум Ливиа Лео Агости, сафири Суис ба унвони ҳофизи манофеъи Амрико ба вазорати хориҷа даъват ва маротиби эътирози Теҳрон ба вай расонида шудааст.

Таҳрим ба далели нақзи ҳуқуқи башар сурат гирифтааст

ИМА рӯзи чаҳоршанбе, ҳашт мақоми давлатии Эрон аз ҷумла фармондеҳи сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва чанд вазири давлатро ба далели нақзи ҳуқуқи башар дар ҷараёни эътирозҳо ба натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон, дар феҳристи таҳримҳо қарор дод.

Вазорати хазонаи Амрико эълом кард, дар ин фармони таҳрим, ки ба имзои Борак Обама, раиси ҷумҳури Амрико расид, мақомоти ёдшуда дар феҳристи таҳримҳо қарор доранд ва тамоми равобити ин афрод бо ниҳодҳо ва муассисаҳои амрикоӣ мамнуъ шудааст.

Дар баёнияи вазорати хазонадории Амрико омадааст : «Ин ҳашт тан дар нақзи ҳуқуқи башар дар ҷараёни саркуби эътирозҳои пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон масъул ҳастанд ва тамоми дороиҳои онҳо дар ИМ масдуд мешавад.»

Эрон Амрикоро ба сӯистифодаи сиёсӣ муттаҳам мекунад

Дар ҳамин ҳол, мудири кулли Амрикои Шимолии вазорати хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе иқдоми ахири давлати Амрикоро «нақзи сареҳи банди аввали баёнияи Алҷазоир ва халалдоркунии назми байналмиллалӣ» хонда аст.

Ин мақоми вазорати хориҷа, ки ишорае ба номи ӯ нашудааст, давлати Амрикоро ба сӯистифодаи сиёсӣ аз мафҳуми ҳуқуқи башар муттаҳам карда аст.

Тибқи ин гузориш, сафири Суис низ дар ин дидор гуфтааст : «Паёми эътирозии давлати ҷумҳури исломиро ба давлати Амрико иблоғ хоҳад кард.»

Муҳаммад Али Ҷаъфарӣ- фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Содиқ Маҳсулӣ- вазири хайрия ва ҳифзи иҷтимоъӣ, Қалам Ҳусейн Муҳсини Эҷеӣ- собиқ вазири истихборот ва феьлан Додгустари кулл, Сайд Муртазавӣ- собиқ Додгустари кулл, Ҳайдар Муслеҳӣ- вазири истихборот, Мустафо Муҳаммад Наҷҷор- муовини фармондеҳи нерӯҳои низомӣ, Аҳмад Ризо Родон- муовини полиси миллии Эрон ва Ҳусейн Тайиб-муовини фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломи аз сӯи Амрико таҳрим шудаанд.

Ҳиллари Клинтон, вазири хориҷаи Амрико ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар як конфронси хабарӣ гуфта буд, ки ин нахустин бор аст, ки ИМА ба далели нақзи ҳуқуқи башар, алайҳи Эрон таҳримҳоеро эъмол мекунад.

Хонум Клинтон изофа карда аст : зери назар ё фармондеҳии ин мақомот, шаҳрвандони эронӣ ба таври худсарона боздошт шуданд, шаллоқ хӯрданд, шиканҷа ва мавриди таҷовуз қарор гирифтанд, таҳдид ва ба қатл расиданд

Дар натиҷаи ин саркӯбҳо, ба вижа дар моҳҳои нахусти пас аз интихобот, даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд ва ба гуфтаи мақомоти қазоӣ ва интизомии Эрон, ҳазорон нафар дар ҷараёни эътирозот боздошт шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG