Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баёнияи нахустини Шукурҷон Зуҳуров доир ба ҳодисаҳои Рашт


Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, нооромиҳо дар водии Раштро ғайримустақим кори дасти нерӯҳои хориҷӣ хонд. Ӯ зимни ифтитоҳи иҷлосияи дуввуми палатаи поёнии порлумон гуфт, Осиёи Марказӣ ба саҳнаи бархӯрди манофеъ ва рақобати қудратҳо табдил шудааст, вале аз ҳеҷ кишваре ном набурд. Шукурҷон Зуҳуров аз ҷавонони водии Рашт даъват кард, ки фирефтаи даъвати гурӯҳҳои ифротӣ ва тундрав нашаванд ва аз онҳое, ки ба гурӯҳҳои тундрав пайвастаанд, хост, то силоҳҳояшонро бигузоранд ва ба зиндагии осоишта боз гарданд. Мақомоти Тоҷикистон қатли 26 сарбози артиши миллӣ дар ҳамлаи ногаҳонии рӯзи 19 сентябрро кори дасти тундгароён ва баъзе аз ҷангҷӯёни хориҷӣ ва размандони собиқи нерӯҳои пешини мухолифини Тоҷикистон хондаанд.
XS
SM
MD
LG