Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи буҷаи соли ояндаро пазируфт


Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли 2011-ро пазируфта ва барои баррасӣ ба порлумон фиристодааст. Бино ба иттилоъи расмӣ, ҳаҷми буҷаи соли оянда 8 миллиарду 300 миллион сомонӣ муодили 2 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, буҷаи соли оянда назар ба буҷаи имсол тақрибан 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ зиёд аст ва тақрибан 50 дар сади хароҷоти буҷа барои арсаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Муаллифони тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли оянда мизони тавварум ва ё беқурбшавии сомонӣ арзи миллии Тоҷикистонро дар соли оянда 9 дар сад пешбинӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG