Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи тундравон ба мошинҳои НАТО дар Покистон


Бино ба гузоришҳо аз Покистон, тундравони мазнун дар ҳамлае бештар 25 мошини боркаши ҳомили маводи сӯхт ва лавозимот барои нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро оташ задаанд. Афроди мусаллаҳ ба истгоҳи ин мошинҳо дар шаҳри ҷанубии Шикарпур бо силоҳҳои сабук ҳамла кардаанд. Мақомоти Покистон рӯзи панҷшанбе як гузаргоҳи аслии марзӣ бо Афғонистонро ба нишони эътироз аз марги се сарбози покистонӣ дар ҳамлаи ҳавоии НАТО бастанд. Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон мегӯянд, ҳавопаймояшон мавриди ҳамла аз тарафи покистониҳо қарор гирифт ва онҳо ба ин ҳамла посух доданд.
XS
SM
MD
LG