Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Регар-ТадАЗ» бар «Хуҷанд» дар меҳмонӣ


Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар бозии даври 26-уми сабқати Лигаи олии Тоҷикистон бар тими мизбон – «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд, дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои аввал баромад.

Ин бозӣ 30-юми сентябр бо ҳузури 4500 тамошобин дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Иброҳим Рабимов, бозигари «Регар-ТадАЗ» дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Голи дуввуми меҳмононро Сафаралӣ Каримов пас аз 30 дақиқа ба самар расонд. Шӯҳратҷон Умаров, бозигари «Хуҷанд», дар нимаи дуввуми дидор, дар дақиқаи 57-ум, ҳисобро тағйир дод.

Ҳайатҳаи дастаҳо дар ин бозӣ чунин буд:

«Хуҷанд»: Н. Баротов, Ш. Умаров, Х. Турсунов, А. Комилҷонов, В. Попов, Б. Сангинов, У. Ян (З. Бердиқулов, 81), Х. Расулов (Б. Муродов, 69), М. Уматқулов, Х. Ҷалолов (Ҷ. Эргашев, 78), З. Абдулхайров (А. Иброҳимов, 42).

«Регар-ТадАЗ»: А. Додов, Д. Эргашев, Ф. Чориев, С. Каримов, А. Элайҷо (Х. Рустамов, 64), Х. Маҳмудов, И. Рабимов (М. Рустамов, 64), Б. Ҳасанов (Ф. Холбеков, 71), С. Эминов, Ж. Оливейра, Н. Ҳакимов (А. Равшанов, 90).

Се бозии дигари даври 26-уми мусобиқот 1-уми октябр байни дастаҳои зерин баргузор мешавад: «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Истиқлол» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб), «Энергетик» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат).

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Регар-ТадАЗ» бо 55 имтиёз дар ҷои аввал ва «Истиқлол» бо 53 имтиёз дар ҷои дуввум қарор доранд.

Вале «Истиқлол» ду бозӣ камтар анҷом додааст. «Хайр» бо 37 имтиёз ҷои севумро касб кардааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

23

17

4

2

64-14

55

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

21

16

5

0

45-11

53

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

22

11

4

7

40-27

37

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

20

9

6

5

24-19

33

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

23

7

9

7

24-32

30

6.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

23

7

5

11

32-41

26

7.

«Энергетик» (Душанбе)

21

5

3

13

24-38

18

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

21

4

3

14

22-43

15

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

22

1

3

18

16-66

6



Нишонзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 18 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 14, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 11, Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ/»Вахш») – 10, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 9, Низом Раҳимов («Хайр») – 8.
XS
SM
MD
LG