Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Парвиз Мушарраф ба майдони сиёсат бармегардад


Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури пешини Покистон, имрӯз дар бораи таъсиси ҳизби нави сиёсияш – “Лигаи мусалмонҳои кулли Покистон” изҳорот пахш хоҳад кард. Сарвари собиқи Покистон, ки алҳол дар Лондон ба сар мебарад, эълом дошт, ки ба ватан бармегардад. Мушарраф ҳамчунин гуфт, ки дар интихоботи умумии соли 2013 ба ҳайси сиёсатмадори мулкӣ ширкат мекунад.
Аз ин пеш ӯ аз хатари табаддулоти нави низомӣ дар Покистон ҳушдор дод ва гуфт, ки бояд нақшу нуфузи артиш дар сиёсат боло бурда шавад.
XS
SM
MD
LG