Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкатҳои бузурги нафтӣ ҳамкорӣ бо Эронро қатъ мекунанд


Вошингтон изҳор намуд, ки чаҳор ширкати бузургии нафтии олам - Total, Statоil, ENI ва Royal Dutch Shell ҳамкорӣ бо Эронро қатъ мекунанд, то ки мавриди таҳримҳои ИМА қарор нагиранд. Ин ширкатҳои мансуб ба Фаронса, Норвегия, Италия ва Ҳуланд солҳо боз дар коркарди чоҳҳои нафт бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд. Ҷеймс Стейнберг, муовини вазири умури хориҷии ИМА гуфт, ки тафтишот дар мавриди дигар ширкатҳои бузурги энерҷии ҷаҳон идома дорад. Аз ин пеш ИМА алайҳи ширкати эронии Naftiran Intertrade, ки бахши швейсарии Ширкати милли нафти Эрон аст, таҳримҳои молӣ ҷорӣ намуд.
ИМА аз Теҳрон талаб кардааст, ки аҳдофи сулҳомези барномаи ҳастаияшро собит намояд. Кишварҳои ғарбӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд ва аммо Теҳрон мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш ҳадафҳои осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG