Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон хостори тасвиби паймони коҳиши силоҳи ҳастаӣ шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, аз Сенат даъват кард, ки паймон бо Русия оид ба коҳиши силоҳи стратегиро то охири сол тасвиб намояд. Гурӯҳе аз сенаторҳои ҷумҳурихоҳ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки созиш дар бораи аз байн бурдани сеяки таслиҳоти ҳастаии ҳарду кишвар шояд амниятии миллии Амрикоро осебпазир намояд.
Ҳизби демократи раисиҷумҳур Барак Обама аз тасвиби ин санад пуштибонӣ мекунад. Ҷон Керрӣ, раиси Кумитаи умури хориҷии Сенат, ба хабарнигорон гуфт, ки "ин паймон ҳамчунин дар фаъолтар шудани талошҳои Иёлоти Муттаҳида дар баробари Эрон ва дар маҷмӯъ дар бахши ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ нақши назаррас хоҳад дошт".
Руасои ҷумҳуриҳои Амрикову Русия Барак Обама ва Дмитрий Медведев Паймони коҳиши таслиҳоти ҳастаиро моҳи апрели соли равон дар шаҳри Прага имзо карда буданд. Ин қарордод ҷойгузини паймони қаблии СТАРТ шуд, ки соли 1991 миёни Маскаву Вошингтон имзо шуда буд, вале замони эътибораш дар моҳи декабри соли гузашта поён ёфт.
XS
SM
MD
LG