Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати чаҳор сокини осоишта дар Ғазнӣ


Нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО изҳор намуданд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомӣ дар вилояти Ғазнӣ, воқеъ дар ҷанубу шарқи Кобул, чаҳор сокини осоишта кушта шуданд. Дар изҳороти ISAF гуфта шудааст, ки рӯзи чаҳоршанбе нерӯҳои байнулмилалӣ ва афғон ба ошӯбгарон дар минтақаи Андор ҳамла карданд ва аммо тасодуфан дар он ҷо на мухолифини мусаллаҳ, балки сокинони маҳаллӣ пайдо шуданд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи низомиёни НАТО, рӯзи гузашта дар ҷануби Афғонистон панҷ низомии Эътилофи байнулмилалӣ ба ҳалокат расиданд. Се нафар бар асари таркиши бомб ва ду тани дигар дар ҳамлаҳои алоҳида ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG