Пайвандҳои дастрасӣ

Эквадор дар вартаи бӯҳрони ҳукуматӣ


Эквадор дар вартаи бӯҳрони ҳукуматӣ қарор гирифт. Дар ин кишвари Амрикои Лотин коршинкании густардаи низомиён ва кормандони полис идома дорад, ки аз ҳукумат тақозои лағви тасмим дар бораи коҳиши ҳақққулзаҳматашонро доранд. Эътирозгарон роҳу хиёбонҳои пойтахти кишвар - Кито ва шаҳри бузурги Гуаякил, ҳамчунин ҳама фурудгоҳҳову шоҳроҳҳоро бастаанд. Раисиҷумҳур Рафаэл Корреа баъд аз заҳролудшавӣ аз гази ашковар ба бемористон интиқол ёфт. Ӯ ба майдон омад ва эътирозгаронро ба оромӣ даъват кард ва аммо касе ба ҳарфаш гӯш надод. Сарвари кишвар эътирозҳоро ҳамчунин кӯшиши табаддулоти давлатӣ арзёбӣ намуд. Вазорати умури хориҷии Эквадор аз мардум хост, ки раисиҷумҳурро ҳимоя кунанд, зеро ба ҷони ӯ хатар таҳдид мекунад.
Бар асари нооромиҳо дар Эквадор Перу марзҳои худ бо ин кишвари ҳамсояро баст.
XS
SM
MD
LG