Пайвандҳои дастрасӣ

Маъракаи нуфусшуморӣ дар Тоҷикистон, дирӯз 30 -юми сентябр ба поён расид. Оҷонси давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, дар ин маърака, ки 10 рӯз идома дошт, тамоми шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ, шумурда шудаанд. Маъракаи қаблии нуфусшуморӣ дар Тоҷикистон дар соли 1999 анҷом шуда буд.

Зебо Исмоилова, сарвари раёсати барӯйхатгирии аҳолии Кумитаи омор, гуфтааст, новобаста аз нооромиҳо дар бархе аз манотиқи кишвар, масъулини ин маърака аҳолии тамоми шаҳру деҳотро ба рӯйхат гирифтаанд. Маъракаи шумориши нуфуси кишвар аз сӯи ҳудуди 30 ҳазор масъул, ба шумули нозирон ва мушовирон, анҷом дода шудааст.

Хонум Исмолова мегӯяд, иттилоъ дар бораи муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути пайвандони онҳо ҷамъоварӣ шудааст. Бино ба иттилои сарчашмаҳои расмӣ, ҳудуди 500 ҳазор шаҳванди Тоҷикистон ҳарсола дунболи кор озими кишварҳои хориҷӣ мешаванд. Аммо соҳибназарон шумори мардикорони тоҷик дар хориҷаро беш аз 1 миллион нафар унвон мекунанд.



Ба фарқ аз нуфусшумории қаблӣ ба пурсишномаҳо як суоли нав илова шуда буд, ки фонди манзил ном дорад ва иттилоъ дар бораи таърихи ҳар як манзил, масоҳат ва масолеҳи сохтмонии онро фароҳам мекунад. Суолҳои дигар ба шумори аъзои хонаводаҳо, исму номи падар, синну сол, миллату забон ва шароити зисти мардум рабт дошт.

Тоҷикистон дар руйхати кишварҳои аҳолияш рушдкунандаи қарор дорад. Оморҳо нишон медиҳанд, ки дар соли 1929 аҳолии кишвар 1.1 миллион буда дар соли 1979 шумораи аҳолии он ба 3.801 миллион расида буд.

Оморҳо шумораи аҳолии кишвар дар соли 1999-ро бештар аз 6.3 миллион нишон медиҳад . Соли 2010 шумораи аҳолии Тоҷикистон 7.562 миллион будааст. Ба гуфтаи коршиносони Созмони Милали Муттаҳид, интизор меравад шумораи аҳолии Тоҷикистон то соли 2025 ба 11.8 миллион бирасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG