Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи сайёраи нави дорои шароити зист


Ситорашиносон мегӯянд, онҳо аввалин бор сайёраеро кашф карданд, ки шабеҳи Замин ва эҳтимолан дорои шароити муносиби зист аст. Сайёраи нав дар маркази фазое мавҷуд аст, ки ситорашиносон онро минтақаи қобили зист меноманд, ҳол он ки наздик ба 500 сайёраи дигар дар берун аз системаи офтобӣ кашф шудаанд. Маълум нест, дар ин сайёра об вуҷуд дорад ё не ва ҳавояш аз чӣ таркиб ёфтааст, аммо зоҳиран, шароити мавҷудияти об дар он ба мушоҳида расидааст. Яке аз кашшофони ин сайёра, Стивен Вогт аз Донишгоҳи Калифорния дар Санта Круз гуфтааст, имкони зиндагӣ дар ин сайёра 100 дар сад аст.
XS
SM
MD
LG